«Амонатбонк» ва Бонки давлатии рушди Чин ба маблағи 100 миллион юан созишномаи қарзӣ ба имзо расониданд
Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Бонки давлатии рушди Чин ба маблағи 100 миллион юан созишномаи қарзӣ ба имзо расониданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар «Амонатбонк» хабар доданд.
Созишнома аз ҷониби Раиси Раёсати «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ ва Президенти Бонки давлатии рушди Чин Тан Тсзюн ба имзо расонида шуд.
Ҳадафи асосии ба имзо расонидани созишномаи қарзӣ- ин пешниҳоди қарзҳои хурд барои рушди соҳаи кишоварзӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ворид намудани техникаву технологияҳои истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда, инчунин соҳибкороне, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин молу маҳсулот ворид менамоянд, мебошад.
Бояд гуфт, ки 17 ноябр ҷиҳати ба имзо расидани Созишномаи нави қарзӣ Президенти Бонки давлатии рушди Чин Тан Тсзюн бо гурӯҳи мутахассисони бонк ба Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ташриф овард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкории дуҷонибаи байнибонкӣ ва густариши ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф ибрози назар намуданд.