Ҳайати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар Форуми XI фарҳангҳои муттаҳидон иштирок намуд

 Аз 16 то 18 ноябр дар бинои Ситоди генералии Эрмитажи шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Форуми Xl фарҳангҳои муттаҳид баргузор мешавад, ки дар он Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва коршиносону мутахассисони соҳаи фарҳанги мамлакат иштирок менамоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанг хабар медиҳад.

Дар форум намояндагони 73 давлати ҷаҳон, мутахассисон ва коршиносону ходимони фарҳангу ҳунар иштирок доранд.

Бояд гуфт, ки иштирокчиёни ҳамоиш дар бахшҳои гуногун, асосан дар мавзуъҳои соҳаи фархангу ҳунар суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар ҷараёни форум ду маротиба вобаста ба фарҳанг, баргузории чорабиниҳо ва сафарҳои ҳунарӣ сухан гуфт.

17 ноябр мулоқоти дуҷониба байни Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири фарҳанги Федератсияи Русия баргузор гардид.

Дар доираи баргузории форум намояндагони давлатҳои иштирокчӣ нақшаҳои табодули минбаъдаи фарҳангӣ, сафарҳо ва чорабиниҳои дигари соҳаро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҳамзамон 17 ноябр Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар чорабинии умумии анҷуман иштирок намуда, бо иштирокчиён гуфтугӯи самимона намуд.

Дар ҷараёни форум, ки аз 16 то 18 ноябр идома меёбад, дар шаҳри Санкт-Петербург барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир шуда, сокинон ва меҳмонони хориҷӣ бо осорхонаҳо ва намоиши нигораҳои таърихиву фарҳангӣ шинос мешаванд.

Форум пас аз танаффуси сесола бар асари пандемияи COVID-19 баргузор шуд. Он ҳамасола аз ҷониби ҳукумати Федератсияи Русия, Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия ва ҳукумати Санкт-Петербург гузаронида мешавад.

Дар доираи форум аз ҷониби вазирони фарҳанги ду давлат Барномаи ҳамкории фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия барои солҳои 2024-2026 ба имзо расид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE