Дар Душанбе ҳамкории мақомоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ шуд
Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Муминзод бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар вохӯрӣ намуд. Дар ин бора аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ хабар доданд.
Дар вохурӣ ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаи Ҷумҳурии Туркияро дар ин самт мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо доир ба ҳамкории мақомоти зиддиинҳисории ду мамлакат гуфтугӯ анҷом дода, барои дар оянда мустаҳкам намудани ҳамкории дуҷониба ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳумро байни мақомоти зиддиинҳисории ду мамлакат мувофиқи мақсад шумориданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо табодули таҷрибаро оид ба фаъолияти мақомоти зиддиинҳисории ҳарду ҷониб барои ҳамкории минбаъда мувофиқ донистанд.