КАРАНТИНИ НАВБАТИИ САРТОСАРӢ ДАР БРИТАНИЯ

Дар Британияи Кабир маротибаи сеюм карантини сартосарӣ эълон шудааст. Шуруъ аз дирӯз гаштугузор дар кучаҳо бидуни зарурат, дар робита ба паҳншавии навъи нави COVID-19, ки нисбат ба шиддати пештара хеле зудтар паҳн мешавад, манъ карда шудааст. Дар ин бора дирӯз сарвазири Британияи Кабир Борис Ҷонсон зимни баромади телевизионӣ изҳор доштааст. Дар баробари ин масъулини вазорати тандурустии ин кишвар бо тезонидани раванди ваксинагузаронӣ мақсад доранд тамоми аҳолиро аз хатари Ковид 19 эмин доранд.

Сарвазири Британияи Кабир Борис Ҷонсон дар саросари кишвараш карантини шадид эълон кардааст. Ба гуфтаи ӯ ин маҳдудият то моҳи феврал идома меёбад. Тавре Борис Ҷонсон зимни баромади телевизиониаш изҳор дошт,  бо мақсади мубориза  бо намуди нави коронавирус, ки ба суръати густарда паҳн мешавад, кулли Англия аз нимишаби рӯзи душанбе вориди карантини миллӣ хоҳад шуд.  Дар баробари ин масъулини вазорати тандурустии Британия аз ошкор шудани беш аз 60 ҳазор мубтало ба КОВИД-19 дар як шабонарӯз хабар доданд, ки нишондоди рекордӣ аз оғози пандемияи коронавирус ба шумор меравад. Хабар дода шудааст, ки давоми 24 соати гузашта дар ин кишвар 830 нафар ҷони худро аз даст додаанд, ки ин ду баробар зиёдтар аз як рузи қабл аст.  Аз оғози пандемия дар Британия 2 774 479 нафар ба Ковид 19 мубтало шуда, 76 305 кас вафот кардаанд. Зимни муроҷиати телевизионӣ ба сокинон дастур дода шудааст, ки дар хонаҳои худ бимонанд ва бе зарурат ба кучаҳо набароянд. Шуруъ аз имрӯз танҳо барои харидани ғизову дору, варзиш ва кумаки тиббӣ иҷозат дода мешавад, ки сокинон ба як муҳлати басо кутоҳ хонаҳои худро тарк намоянд. Ҳамаи мактабҳои Британия аллакай ба формати фосилавӣ гузаштанд. Британия бори сеюм аст, ки карантини саросарӣ эълон мекунад ва айни замон нахустин кишваре шудааст, ки аз ваксинаи офаридаи ширкати АстраЗенека ва Донишгоҳи Оксфорд истифода мебарад. Дар Британия рӯзи 8-уми декабр ваксинзанӣ бар зидди бемории COVID-19 оғоз ёфт ва ваксинае, ки аввал ба кор бурданд, аз ширкати Пфайзер ва БионТек аст. Ҳамчунин хабар дода шудааст, ки Британия барои мардуми кишвараш 100 млн вояи ваксинаи Астра Зенеса мехарад. Тавре Агентии иттилоотии Русия Новости иттилоъ додааст, ҳукуматдорони ин кишвар бо ин миқдор дору аҳолии кишварро аз сирояту бемории коронавирус ҳифз кардан мехоҳанд. 100 миллион воя барои эмкунии тамоми шаҳрвандонамон кофист, – изҳор доштааст вазири тандурустии шоҳигарӣ Мэтт Хэнкок. Ба гуфтаи вазир, ҳамин ҳафта барои эмкунӣ 5,3 ҳазор воя дастрас хоҳад шуд, аз моҳи феврал бошад, он ба чандин миллион адад мерасад.

Раҳмонзода Мижгон

Садои Душанбе

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE