Дар Истаравшан Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ оғоз мегардад

1 октябр дар Боғи фарҳангии ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ «Озар» ифтитоҳ мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан иттилоъ медиҳад.

Ҳамчунин 2 октябр дар ин макон намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандони ватаниву хориҷӣ доир мешавад.

Дар ҳошияи фестивал намоиши маҳсули дасти ҳунармандони давлатҳои аъзои Шурои умумиҷаҳонии ҳунармандӣ, ҳунармандони шаҳри Истаравшан ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ, маросими супоридани Шаҳодатнома ба шаҳри Истаравшан ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ», шиносоӣ бо мавзеъҳои таърихиву растаҳои ҳунармандон ва Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан дар назар аст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE