Ҷавонони ДДХ пешниҳоди «Рӯзи ҷаҳонии футбол»-ро ҷонибдорӣ карданд
Ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибдори намудани пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати расман эълон намудани «Рӯзи ҷаҳонии футбол» ба Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар маҷмааи варзишии Хуррамшаҳри донишгоҳ чорабинии варзишии футбол ба роҳ монда шуд. Дар ин бора дар сомонаи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров хабар доданд.
Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов ва ҳайати устодону донишҷӯён дар маросими кушодашавии чорабинии варзиши ширкат варзиданд. Нахуст, профессор Усмонзода Аюб суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки боиси ифтихору сарфарозист, ки дар кишвари азизу соҳибистиқлоламон соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар маркази таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати расман эълон намудани «Рӯзи ҷаҳонии футбол» ба Созмони Милали Муттаҳид амали саривақтӣ буда, барои эҳтиром ба солимии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва рушди футбол басо муҳим арзёбӣ гардид.
Баъдан, Бахтиёр Исматҷонов зикр намуд, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардиданд, ки ба ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, бунёди иншооти варзишӣ, баргузор гардидани мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва омодакунии варзишгарони касбӣ мусоидат намуданд.
Таъкид рафт, ки Воқеан варзиш дар њамаи давру замон муаррифкунандаи њар як давлат буда, хусусан дар замони муосир яке аз воситаи асосии шинохти миллат маҳсуб меёбад.
Иттилоъ дода шуд, ки мусобиқаи варзишии футбол байни устодон ва донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ то санаи 2-юми марти соли равон идома намуда, ғолибони мусобиқа дар охирбо Ҷом, диплом ва туҳфаҳо қадршиносӣ карда мешаванд.