Занон-модарон дар Бадахшон ба дидорбинии сарбозон рафтанд

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти вилоят ва  модарону занон ба  қисми ҳарбии Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят рафта, бо шароити хизмат ва зиндагии аскарон шинос шуданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар доданд.

Ба муносибати 31 –солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти вилоят афсарон ва сарбозонро аз номи тамоми модарони вилоят табрик намуданд.

Гуфта шуд, ки маҳз муҳаббати модар ба фарзанд аст, ки имрӯз модарон ба дидорбинии сарбозон ва афсарони шуҷои Ватан омада, онҳоро ба дӯст доштани Ватан ва ҳифзи сарзамини аҷдодӣ даъват менамоянд.

Мояи ифтихор ва сарфарозии модари тоҷик аст, ки фарзандони баномус, ватандӯст ва ватанпарвари тарбиянамудааш  баҳри ҳимояи Ватан ва марзҳои давлатӣ дар тамоми қисмҳои ҳарбӣ сарбаландона адои хизмат намуда, дар таъмини сулҳу субот ва осудагии мардум саҳм мегузоранд.

Дастгирии Ҳукумати мамлакат, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳамасола барои сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ шароити хуб фароҳам мегардад.

Сарбозон бо изҳори сипос ба модарон омодагиашонро  ба ҳифзи марзу буми Ватан иброз намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE