Дар бораи эпидемияи вирус байни кӯдакони хурд Финляндия хабар додааст

Дар Финландия эпидемияи вируси нафаскашӣ-синтситиалӣ (RSV) ошкор шудааст, ки асосан ба навзодон ва кӯдакони хурдсол хатар дорад, иброз дошт табиби  беморхонаи минтақаи Финляндияи Марказӣ Ева Аалтонен. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус ТАСС хабар доааст.

Аалтонен ишора намуд, ки эпидемияи RSV, зоҳиран назар ба соли гузашта ҷиддитар мебошад. Ба гуфтаи ӯ, имсол ҳолатҳои беморӣ зиёд шудаанд. Табиб инчунин хабар дод, ки шумораи беморон давоми  якчанд ҳафта дар як сатҳ боқӣ мондааст, бинобар ин афзоиши беморӣ мушоҳида намешавад.

Иттилоъ мешавад, ки вируси нафаскашӣ-синтситиалии инсон табобатшаванда буда, нишонаҳояш – нафаскашии тез ва душвор, маҳкам шудани бинӣ, сулфа ва душворӣ ҳангоми истеъмоли хӯрок мебошанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE