​Забон – омили асосии рушду камолоти миллат аст

Дар филиали Муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф” дар вилояти Суғд таҳти унвони “Забон – омили асосии рушду камолоти миллат” ҳамоиши илмӣ доир шуд. Дар ин бора Маркази иттилоот ва таҳлили ДДХ хабар дод.

Дар ҳамоиши мазкур як қатор устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ ширкат намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи кори ҳамоиш маърӯзаҳо ироа ёфтанд. Аз ҷумла, тибқи барнома дотсентон Бобоева Зеварой таҳти унвони «Паём-кафолати ояндаи дурахшони кишвар», Ҷўраева Сарвиноз дар мавзуи «Пешвои миллат ва масъалаи сиёсати забон» маърӯза намуданд.

Ҳамзамон, устодони кафедраи методикаи таълими фанҳои гуманитарӣ дар мавзуъҳои «Ҳастию пойдории миллат аз забони миллат аст», г «Мавқеи забони англисӣ дар ҷаҳони муосир», «Роҳҳои самаранок омўзиши забони русӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» ва «Нақши забони давлатӣ дар рушди ҷомеа» баромад намуданд.

Бо музокира миёни иштирокчиён ва табодули афкор ҳамоиши илмӣ анҷом ёфт.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE