Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи рақамикунонии бозори меҳнат тавсеа медиҳанд

Зимни сафари кории ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва  шуғли аҳолии мамлакат Қиёмиддин Давлатзода ба Ҷумҳурии Озарбойҷон масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи бозори меҳнат бо Ҷумҳурии Озарбойҷон баррасӣ гардиданд.

Ҳадафи сафари ҳайати Вазорати меҳнат, муҳоҷират  ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ба Озарбойҷон шиносоӣ ва омӯзиши бозори меҳнати Ҷумҳурии Озарбойҷон буд.

Дар доираи сафар вохӯрии ҳайати кории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Озарбойҷон, муовини вазири меҳнат, раиси Агентии давлатии шуғли аҳолии назди Вазорати  меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии  Ҷумҳурии Озарбойҷон, директори Маркази навовариҳои рақамии «DOST», раиси Нозироти меҳнат ва маркази навовариҳои рақамии Озарбойҷон доир шуда, масъалаҳои таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонии бозори меҳнат муҳокима шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE