ПАРВОЗҲО МИЁНИ ДУШАНБЕ ВА АЛМААТО БАРҚАРОР МЕШАВАНД

Ширкати «Сомон Эйр» пас аз ба эътидол омадани вазъ дар Қазоқистон парвозҳоро ба Алмаато барқарор мекунад. 

Парвозҳо дар самти Душанбе-Алмаато ва Алмаато-Душанбе дубора  барқарор мегарданд.

Гуфта мешавад, ки парвозҳои ширкати «Сомон Эйр» ба Алмаато ва бозгашт ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе сурат мегиранд. Тибқи иттилои сомонаи ширкати ҳавопаймоӣ, парвози навбатӣ ба Алмаато 19 январи соли 2022 дар назар аст, вақти парвоз соати 10 (бо вақти маҳаллӣ)  муқаррар шудааст.

Парвози ширкати Air Astana ба Душанбе рӯзи 16 январ дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки аз 15 январи соли ҷорӣ Қазоқистон қоидаҳои нави вуруд ба кишварро ҷорӣ кард. Ҳамин тариқ, тибқи фармони Комиссияи байниидоравии Ҷумҳурии Қазоқистон ҷиҳати пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус, ҳамаи мусофироне, ки аз хориҷи кишвар меоянд, бояд натиҷаи манфии санҷиши ПСР  барои COVID-19 дошта бошанд. Шаҳодатномаҳо дар бораи набудани коронавирус бояд аз ҷониби ҳамаи мусофирон, аз ҷумла онҳое, ки  ваксина гирифтаанд, пешниҳод карда шаванд. Танҳо кӯдакони то 5-сола истисно мебошанд. Зикр карда мешавад, ки шаҳодатномаи натиҷаи санҷиш дар давоми 72 соат аз рӯзи гирифтани намуна эътибор дорад.

Маркази матбуоти ширкат ҳамчунин хабар медиҳад, ки аз моҳи январи соли 2022 ба ҷадвали парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Москва (Домодедово) — Душанбе тағйирот ворид шудааст. Минбаъд вақти парвозҳо аз Душанбе рӯзҳои душанбе, панҷшанбе, шанбе ва якшанбе соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ, аз Маскав соати 21:45  ба вақти макҳаллӣ сурат мегиранд. Рӯзҳои сешанбе, чоршанбе ва ҷумъа вакти парвоз аз Душанбе соати 19-10, аз Москва — соати 22-50 ба вақти маҳаллӣ  муқаррар шудааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE