Дар Душанбе бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил шуданд

Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо мақсади фаровонии маҳсулот дар бозорҳои истеъмолии шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил шуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ярмаркаҳо маҳсулоти кишоварзии Агентии захираҳои моддии давлатӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, Иттифоқи Тоҷикматлубот пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардидаанд.

Дар ярмаркаҳо маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили гӯшт, биринҷ, равған, картошка, пиёз, сабзӣ, тухм, сабзавот, карам, меваи тару хушк ва ғайра бо нархи нисбат ба бозор арзонтар ба фурӯш гузошта шудаанд.

Ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои «Меҳргон», «Саховат», назди Боғи Куруши Кабир, таваққуфгоҳи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино то 20 март идома меёбанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE