Тамринҳои сафороӣ ва Паради ҳарбӣ дар Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои пойтахт қатъ мегардад
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки дар робита ба гузаронидани тамринҳои сафороӣ ва Паради ҳарбӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 09.08.2021, №470, ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ (аз буриши кӯчаи Карамов то буриши кӯчаи Саъди Шерозӣ) аз 10 то 26 август ҳамарӯза аз соати 15:00 то соати 21:00 ва дар хиёбони Исмоили Сомонӣ (аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то буриши хиёбони Абуалӣ ибни Сино) аз 27 август то 7 сентябри соли 2021 аз соати 18:00 то 23:00 қатъ мегардад.
Ҳаракати автобусҳои хатсайрҳои №29, микроавтобусҳои №№19, 35 ва 58 тариқи кӯчаи Карамов, Низоми Ганҷавӣ ва ҳаракати автобуси хатсайри №22 ба воситаи хиёбони Рудакӣ ба роҳ монда мешаванд.
Аз ин лиҳоз, аз ронандагони ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз кӯчаву хиёбонҳои ҳамшафат ба кӯчаи Ҳ.Шерозӣ ва хиёбони И.Сомонӣ истифода баранд.