Бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ озмуни «Дастархони таомҳои миллӣ» баргузор шуд

Дар Маркази таълимии минтақавии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ (ХБРЯ)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи фаъолияти Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ озмуни «Дастархони таомҳои миллӣ» баргузор гардид. Дар ин бора аз Бахши миллӣ хабар доданд.

Озмун ҷиҳати таҳкими ҳувияти миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи занон ва духтарони ҷавон дар ҳаёти фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ бо мақсади эҳё ва нигоҳ доштани анъанаҳои таомҳои миллӣ, таблиғи ғизои солим ва тарзи ҳаёти солим ҳамасола баргузор мегардад.

Он байни магистрантҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир гардида, аз омода намудани хӯроки миллӣ ва муаррифии он иборат буд.

Директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ Илҳом Мирсаидзода ба ҳамаи довталабон барои иштирок дар озмун ва муносибати эҷодкоронаашон изҳори сипос намуд.

Иштирокчиёни озмун бахшҳои пешниҳодгардидаро сарбаландона иҷро карда, на танҳо бо таомҳои болаззати миллӣ, балки бо намоиши либосҳои миллии мантақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ чорабиниро шавқовартар намуданд.

Озмун бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангӣ ба охир расид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE