Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Шаҳри Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад Охири моҳи майи соли равон мизбони конфронси байналмилалии «Роҳ ба сӯи Тиёншон» мегардад. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар ин бора хабар дод.
Дар конфронси байналмилалӣ роҳбарони мақомоти соҳаи нақлиёти давлатҳои хориҷи дуру наздик ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд. Дар ҳошияи конфронс масъалаҳои ҳамлу нақли байналмилалӣ, инчунин баргузор намудани мулоқот бо масъулини давлатҳои хориҷӣ, мушкилот вобаста ба таҳвили таҷҳизот ва бору коло тавассути хатсайрҳои амалкунанда ва нав баррасӣ мегарданд.