873-ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БУНЁД МЕГАРДАД

Бахшида ба 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии мамлакат корҳои созандаги бо маром идома дорад. Дар шаҳри Кулоб баҳри сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни бузурги миллӣ 873-иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.  Сокинони шаҳри Кӯлоб  барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба  омодагӣ мегиранд.  Иншоотҳои сохташаванда , дар тамоми соҳаҳо аз ҷумла маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳо мебошанд

    «Аз 873 иншооти ҷашнии банақшагирифташуда то имруз 374-иншоот мавриди истифода қарор гирифта дар боқимондааш корҳои сохтмонию азнавсозӣ  тибки накща идома дорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки паҳншавии пандемияи ҳамагир дар тамоми соҳаҳои таъсири манфии худро боқӣ гузошт. Дар пайи ин беморӣ ба соҳаи меъмории шаҳри Кӯлоб низ таъсир расида,  сохтмони ҷамоату шаҳракҳо ва дар умум тамоми иншоотҳои шаҳрро ба таъхир гузоштааст.» ГУФТ ДАР СУҲБАТ БО МО АҲМАД Қурбонзода Мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб.

Масъулин мегуянд, новобаста аз ин мушилоти пешомада онҳо ҳаракат мекунанд то ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ иншоотҳои банақшагирифтаро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.  Ба иттилои мутахассисони соҳа то ҷашни 30-солагити истиқлолияти давлатӣ симои Тоҷикистони азиз пурра  тағйир ёфта, ба яке аз кишвароҳои зебои минтақа табдил меёбад. Дар ин давра ҳатто дар дурдасттарин ҷамоату деҳаҳо  майдончаи варзишӣ, мағоза, сартарошхона, ва дтгар марказҳои хизматрасонӣ ба истифода дода мешавад, барушди иктисодии махалхо ва зиндагии арзандаи сокинон шароит фарохам хохад омад.

Шоҳҷаҳон Қурбонов

«Садои Душанбе»

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE