Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми маблағгузории соҳаи рушд дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд

Мушовири Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Ҳотам Қурбонзода дар Форуми маблағгузории соҳаи рушд (FfD), ки 22-25 апрели 2024 дар қароргоҳи Созмон дар шарҳи Ню-Йорк баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд.

Ҳотам Қурбонзода оид ба иқдоми Тоҷикистон дар раванди татбиқи Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор иттилоъ дода, аҳаммияти таҳкими ҳамкории Созмони Милали Муттаҳидро барои дастгирии кишварҳои аъзо дар амалисозии Рӯзномаи 2030 ва маблағгузории Ҳадафҳои рушди устувори он муҳим арзёбӣ намуд.

Инчунин зарурати таҷдиди сохтори молиявии байналмилалӣ баҳри таъмини сафарбаркунии маблағгузории устувор ва дарозмуддат барои сармоягузории зарурӣ таъкид гардида, барои иштироки фаъол дар равандҳои гуфташуда ва иҷрои уҳдадориҳои марбута даъват ба амал оварда шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE