Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд

Бо ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 апрели соли 2024 гурӯҳи чоруми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 47 нафар (13 оила) занону кӯдакон (15 зан, 17 духтар, 15 писар) тавассути ҳавопаймои махсус аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида шуданд.

Шахсони баргардонидашударо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаётзода Фирдавс, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдулло, вазирони маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, раисони кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва дигар шахсони масъул пешвоз гирифтанд.

Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас давоми солҳои 2019-2023 дар се марҳила зиёда аз 300 нафар занону кӯдакони тоҷик аз Ҷумҳурии Ироқ ва Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида шуданд.

Бойси тазаккур аст, ки таҷрибаи Тоҷикистон оид ба баргардондани шаҳрвандони кишвар аз минтақаҳои ҷангзада ва кор бо онҳо ҳамчун таҷрибаи мусбат шинохта шудааст.

Занону кӯдакони баргардондашуда пас аз гузаронидани корҳои офиятбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ ба муҳити оила баргардонда мешаванд.

Масъалаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда зери таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE