Ҷудокори машҳури фаронсавӣ Тедди Ринер ба Душанбе меояд

Ҷудокори афсонавӣ Тедди Ринери 35 сола дар ҳайати мунтахаби ҷудои Фаронса дар мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024 иштирок мекунад. Ринер дар вазни ҷамъи 100 кило ба қатори 18 ҷудокори дигар ба ҳайати мунтахаби ҷудои Фаронса барои иштирок дар мусобиқаи мазкур номнавис шудааст. Дар ин бора ТВ “Варзиш” хабар дод.

Тедди Ринер ҷудокори фаронсавӣ аст, ки дар вазни беш аз 100 кг рақобат мекунад. Ӯ қаҳрамони секаратаи олимпӣ ва барандаи ду нишони биринҷии олимпӣ ва 11 карата қаҳрамони ҷаҳон, 5 карата қаҳрамони Аврупо ва қаҳрамони бисёркаратаи Фаронса мебошад. Ӯро дар ҷаҳони ҷудо ҳамчун шоҳи ин риштаи варзиш мешиносанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE