Дар Тоҷикистон татбиқи лоиҳа оид ба барқикунонии нақлиёти ҷамъиятӣ бо дастгирии Комиссияи СММ оғоз гардид

Бо дастгирии Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором — ЭСКАТО (UN Economic and Social Commission for Asia and the Pacific (UNESCAP) лоиҳаи «Суръатбахшии гузариш ба автомобилҳои барқӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, марҳилаи II» оғоз ёфт. Дар ин бора Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ дод.

Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором ба татбиқи лоиҳаи ҳамкории техникии «Суръатбахшии гузариш ба автомобилҳои барқӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, марҳилаи II» барои солҳои 2024 – 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шуруъ намуд.

Лоиҳа барои мусоидат ба пешбурди минбаъдаи нақшаҳои миллӣ оид ба барқикунонии паркҳои нақлиёти ҷамъиятӣ равона гардида, дар анҷоми татбиқи он дар назар аст, ки шабакаҳои озмоишии электробусҳо дар чор давлати мақсадноки давлатҳои аъзои ин комиссия, аз ҷумла Тоҷикистон ҷорӣ карда шаванд.

Инчунин дар доираи лоиҳа дар Тоҷикистон харитаи роҳи минтақавӣ оид ба шаклҳои маблағгузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои гузариш ба нақлиёти барқии ҷамъиятӣ таҳия мегардад. Дар доираи ин лоиҳа солҳои 2024 – 2026 аз ҷониби масъулини соҳа баргузории вохӯриҳо дар сатҳи миллӣ ва ҳамоишҳои ҷонибҳои манфиатдор, ҳамоҳангсозии механизми барқикунонии соҳа байни мақомоти марбута, таҳияи арзёбии эҳтиёҷоти техникӣ, таҳияи тавсияҳои инфиродӣ оид ба имконот/механизмҳои қобили маблағгузории ҳаракат дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва имконияти дохил кардани сармоягузорӣ ба рушди электромобилҳо дар ҷумҳурӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаи озмоишии автобуси барқӣ дар яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE