Баргузории даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Маърифати ҳуқуқӣ- ойини худшиносӣ” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон озмуни ҷумҳуриявии “Маърифати ҳуқуқӣ-ойини худшиносӣ” доир гардида истодааст. Дар ин замина аз ҷониби “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино” бо низоми нави баргузорӣ, ташкил ва ҷамъбасту натиҷагирии озмуни мазкур ба нақша гирифта шудааст.
Бояд қайд намуд, ки озмун аз ду қисм иборат аст: амалӣ ва назариявӣ. Кори хаттии озмун ба таври кушода сурат гирифта намунаи мавзӯъҳои тавсияшаванда чанд рӯз пеш то баргузории озмун дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шуда буд. Корҳои тестӣ тариқи низоми автоматикунонидашуда (худкор) сурат мегирад. Дар рӯзи дуюми озмун қисмати шифоҳӣ ба нақша гирифта шуда барои дуруст муайян намудани донишу малакаи довталабон коршиносон аз факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва омӯзгорони Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино ҷалб гардидааст.