Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара коргоҳи истеҳсолии «Мушки Модар»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Ғарғараи деҳоти Корези ноҳия коргоҳи истеҳсолии «Мушки Модар»-ро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар ин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилло доданд, ки сохтмони коргоҳи истеҳсолии «Мушки Модар» дар масоҳати умумии 30 гектар замин моҳи марти соли 2023 бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ оғоз гардида, моҳи майи соли равон ба анҷом расидааст.

Дар коргоҳи истеҳсолӣ таҷҳизоти муосир аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас карда шуда, раванди истеҳсолот бо навтарин технология иҷро карда мешавад.

Коргоҳи нави саноатӣ дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар заминаи фазои мусоиди соҳибкорӣ бунёд гардидааст.

Баъди ба истифода додани коргоҳи мазкур дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара зиёда аз 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Коргоҳи мазкур дар як рӯз имкон дорад, ки беш аз 2 тона маҳсулоти гуногун, аз ҷумла собун ва дигар намуди моеи зарфшӯиро истеҳсол намояд.

Маҳсулоти истеҳсолшаванда дар коргоҳ ивазкунандаи воридот буда, дар шароити деҳот ба роҳ мондани истеҳсолот ва дастрасии он ба сокинони маҳаллӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ яке аз иқдомҳои наҷибу созанда ба ҳисоб меравад.

Дар ҳамин ҷо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи маҳсулоти коргоҳи «Мушки Модар» муаррифӣ карда шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати маҳсулоти истеҳсолгардидаи коргоҳ навбунёди деҳаи Ғарғара баҳои баланд дода, ба соҳибкорону кормандон ҷиҳати зиёд гардонидани ҳаҷми истеҳсолу содироти маҳсулоти ватанӣ маслиҳатҳои муфид доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE