«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт мусобиқаи кушод оид ба футболи хурд баргузор мешавад

Дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи кушод оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад. Дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе ба имзо расидааст,  хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Бозии футбол яке аз роҳҳои беҳтарини беҳдошти саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногун мебошад.

Дар робита ба ин, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 9 феврали соли 2024 бори нахуст ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шавад ва бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардад.

Ёдовар мешавем, ки 7 май Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд, қабул намуд. Бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 25 май ба таври расмӣ Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE