Миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Ҷумҳурии Молдова созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
29-уми июли соли ҷорӣ созишномаи нави ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи славянии Ҷумҳурии Молдова ба имзо расид. Дар ин бора аз Донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Санади муҳими ҳамкорӣ аз тарафи Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ва Бабенко Олег Андреевич, ректори Донишгоҳи славянии Ҷумҳурии Молдова ба таври маҷозӣ баста шуд.
Ҳуҷҷати мазкур ба донишҷӯёну олимони муассисаҳо дар самти ҳамкории илмӣ ва пешрафти омӯзиши мутақобила, мусоидат ба ташрифи ҳайати омӯзгорон аз як донишгоҳ ба донишгоҳи дигар бо мақсади иштирок дар соҳаҳои тадқиқотии мувофиқашуда, мубодилаи маълумот ва нашри мавод дар нашрияҳои даврии илмӣ имконияти хуб медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ айни замон бо 121 муассисаҳои олии касбии хориҷи кишвар ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст.