«ЭКО ТАКСӢ». Дар Душанбе боз як ширкати мусофиркашонӣ ба фаъолият оғоз намуд

Бо дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат боз як ширкати мусофиркашонӣ — «Эко таксӣ» ба фаъолият шуруъ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

Ширкати мусофиркашонӣ 400 электромобили муосир ба шаҳри Душанбе ворид намудааст, ки имрӯз рунамоӣ гардиданд. Ин ширкат ҷиҳати гузариш ба «иқтисоди сабз» ва дар асоси консепсияи гузаштан ба нақлиёти барқӣ то давраи соли 2026 дар пойтахти мамлакат ба фаъолият оғоз намуд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе ҷамъиятҳое, ки ба хизматрасонии нақлиётии мусофиркашонӣ (таксӣ) дар шаҳри Душанбе машғул ҳастанд, муваззаф гардидаанд, ки дар доираи квотаҳои муқарраргардида барои пурра ба низоми нақлиёти барқӣ гузаштан то 1 сентябри соли 2025 тадбир андешанд. Яъне, тибқи қарори дахлдор, ширкатҳои кироякаши таксӣ вазифадор гардидаанд, ки то 1 сентябри соли 2025 пурра ба воситаҳои нақлиёти электромбил гузаранд.

Дар айни замон дар шаҳри Душанбе 12 ширкати мусофиркашонии таксӣ фаъолият менамоянд, ки 4350 нақлиёти кироякаш доранд. То 6 июни соли 2024 аз 4350 воситаи нақлиёти кироякаш 2451 адади онро электромобил ташкил медиҳад. 1914 адади он воситаи нақлиёти дорои муҳаррики дарунсӯз мебошад, ки намои зоҳирии онҳо зард аст. Таносуби электромобил нисбат ба талабот 56, 3 фоизро ташкил медиҳад.

Тибқи ин қарор, шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон», шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе бояд барои пурра ба низоми барқӣ гузаштани воситаҳои нақлиёти ҷамъиятҳои кироякаши таксӣ мусоидат намоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE