То 26 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон хавфи омадани сел боқӣ мемонад
То 26 июн хавфи селҳои маҳаллӣ дар минтақаҳои алоҳидаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боқӣ мемонад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, дар ғарби вилоят бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм, рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм, рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 14+19 дараҷа гарм ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа гарм, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 21+23 дараҷа ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.