ҚИРҒИЗИСТОН: САДИР ЖАПАРОВ РАСМАН БА КОРИ ПРЕЗИДЕНТӢ ШУРӮЪ КАРД

Шурӯъ аз дирӯз Садир Жапаров расман ба ҳайси президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба кор шурӯъ кард. Ӯ дирӯз ба ҳаси прзиденти тозаинтихоб савганд ёд кард.

Пас аз савгандёдкунӣ раиси Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон Нуржан Шайлдабекова ба Садир Жапаров шаҳодатнома, нишони сарисинагӣ ва ливои президентиро супорид, иттилоъ медиҳад хабаргузории давлатии «КАБАР».

Дар маросими расмӣ беш аз ҳазор нафар ширкат намуданд. Аз ҷумла, чеҳраҳои маъруфи кишвар, вакилони Жогорку Кенеш, собиқ президентҳо, собиқ спикерҳои парлумон, собиқ сарвазирон, сарварони конфессияҳои Қирғизистон, корпуси дипломатӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, оқсақолҳо ва шаҳрвандони одӣ инчунин, рақибони Жапаров дар интихоботи гузашта низ ба ин маросим даъват шуда буданд.

Ёдовар мешавем, ки 10 январ дар Қирғизистон интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор шуд. Тибқи натиҷаҳои интихобот, Садир Жапаров бо касби 79,2% овозҳо пирӯз шуд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE