Сафири Тоҷикистон бо ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал ва тоҷикони муқими вилояти Свердловск мулоқот намуд
Дар вилояти Свердловск вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал Силин Яков баргузор гардид. Дар ин хусус аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба омода кардани мутахассисон табодули афкор намуданд.
Ҳамзамон масоили марбут ба таълими донишҷӯёни тоҷик дар ин муассиса, аз ҷумла вазъи таҳсил ва шароити зиндагии онҳо баррасӣ гардид.
Пас аз анҷоми мулоқот бо ректор, суҳбати сафир бо донишҷӯён, ҷавонон, роҳбарони ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикон ва диаспораи Свердловск доир гардид.
Сафири Тоҷикистон ба ҳозирин дар бораи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар марҳалаи кунунӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об, аз ҷумла аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон шудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ҳамчунин доир ба дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкимёбии нақши ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ маълумот дод.