Сарбозон — хатмкардагони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд

Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ба ҳифзи шаъну шарафи Ватан омодаем!» барномаи илмӣ-тарбиявӣ баргузор гардид, ки дар он сарбозони ҷузъу томҳои ҳарбии ҷумҳурӣ- хатмкардагони ин муассиса иштирок намуданд. Дар ин хусус дар донишгоҳ хабар медиҳад.

Зимни ҳамоиш гуфта шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи марзу буми мамлакат, оромиву осудагии мардум ва пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ нақши шоиставу мондагор доранд.

Мояи ифтихор аст, ки ҷавонони худшиносу меҳандӯсти мо имрӯз сипари боэътимоди давлати соҳибистиқлоламон-Тоҷикистон гардидаанд.

Иброз гардид, ки маҳз бо шарофати талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон марҳила ба марҳила устувору нерумандтар мегардад.

Иштирокдорони ҳамоиш ҷавононро ба хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ҳидоят карда, гуфтанд, ки муқаддастарин арзиши ҳаёт –дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватан мебошад.

Баъдан сарбозон — хатмкардагони донишгоҳ оид ба шароити мусоиди қисмҳои ҳарбӣ ва моҳияту мафҳуми хизмат ба Ватан ибрози назар намуда, иҷрои ин рисолатро қарзи муқаддаси ҳар ҷавонмард ҳисобиданд.

Бояд гуфт, ки аз ҷониби раёсат 13 нафар хатмкардагони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, ки дар даъвати баҳории соли 2022 ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат шомил шуда буданд, ҳамчун намунаи ибрат ба дигарон бо ифтихорнома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE