Шурӯъ аз моҳи август парвозҳо аз Тоҷикистон ба Россия зиёд мегардад
Ширкати ҳавопаймоии «Somon Air» шурӯъ аз моҳи август парвозҳоро дар масири Хуҷанд – Москва (Внуково)-Хуҷанд оғоз мекунад. Аввалин парвоз аз Хуҷанд ба фурудгоҳи Внуково ва бозгашт 1 август ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар ширкати ҳавопаймоии «Somon Air» иттилоъ доданд.
Парвозҳо дар ин самт рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе сурат мегиранд.
Илова бар ин, ширкати ҳавопаймоӣ шумораи парвозҳоро дар хатсайрҳои Хуҷанд – Сургут — Хуҷанд, Душанбе – Самара — Душанбе, Душанбе – Екатеринбург — Душанбе, Душанбе – Новосибирск — Душанбе ва Душанбе – Мюнхен — Душанбе то ду парвоз дар як ҳафта зиёд намуд. Ҳамин тариқ, аз 1 август ҳавопаймоҳои «Сомон Эйр» рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе аз Хуҷанд ба Сургут парвоз хоҳанд кард. Шурӯъ аз 2 август парвозҳо аз Душанбе ба Самара рӯзҳои сешанбе ва шанбе анҷом дода мешаванд.
Ҳамзамон аз 5 август парвозҳо дар масири Душанбе – Екатеринбург рӯзҳои ҷумъа ва якшанбе иҷро мегарданд. Аз 6 август сар карда, аз Душанбе ба Новосибирск парвозҳо рӯзҳои чоршанбе ва шанбе сурат мегиранд.
Аз нимаи моҳи август парвозҳо аз Душанбе ба Мюнхен на танҳо рӯзи душанбе, балки рӯзҳои ҷумъа низ иҷро хоҳанд шуд.
Дар баробари ин ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз 3 август иҷрои парвозҳоро дар масири Хуҷанд – Новосибирск – Хуҷанд ва аз 4 август дар хатсайрҳои Душанбе – Қазон – Душанбе ва Душанбе – Москва (Жуковский) – Душанбе ба роҳ мемонад.
Парвозҳо аз Хуҷанд ба Новосибирск ҳафтае як маротиба- рӯзҳои чоршанбе сурат мегиранд. Парвозҳо ба Қазон ва Жуковский — ҳафтае як маротиба, рӯзҳои панҷшанбе анҷом дода мешаванд.