Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Душанбе мусобиқаи шоҳмот баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот таҳти унвони Ҷоми “Коиноти нав” баргузор мегардад
Мусобиқаҳо аз рӯи қоидаҳои байналмилалии шоҳмоти зудбозӣ (рапид) баргузор мегарданд (15 +10). Ба ҳар бозингар то анҷоми бозӣ 15 дақиқа вақт дода мешавад, пас аз ҳар ҳаракат 10 сония илова мегардад.
Ғолибони мусобиқа бо медалу ифтихорнома ва ҷоизаҳои пули қадрдонӣ карда мешаванд. Барандагони медали тилло соҳиби 3000 сомонӣ, медали нуқра 2500 сомонӣ ва медали биринҷӣ 2000 сомонӣ мешаванд. Ҳамчунин, нафароне ки то ҷои 15-умро ишғол мекунанд, бо маблағҳои муайян қадрдонӣ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқа рӯзҳои 20-21-уми июл дар меҳмонхонаи “Румӣ”-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад.