Комиссияи олии аттестатсионӣ: «Соли равон расмиёти азнавбақайдгирии маҷаллаҳои илмӣ гузаронида шуд»

Имсол бо мақсади истифодаи таҷрибаи муассисаҳои пешсаф ҷиҳати ворид намудани маҷаллаҳои илмӣ, махзанҳои байналмилалии реферативӣ ва низомҳои иқтибосоварӣ ва дақиқ намудани ихтисосҳо расмиёти азнавбақайдгирии маҷаллаҳои илмӣ гузаронида шуд. Алҳол 21 маҷаллаи илмӣ аз нав ба қайд гирифта шуда, се маҷаллаи илмӣ -«Ахбори АМИТ. Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АМИТ», «Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз»-и Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Феҳристи маҷаллаҳои (нашрияҳои) илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ карда шуданд. Маҷаллаи илмии Education. Quality Assurance-и Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг ба Феҳристи мазкур ворид карда шуд. Дар ин хусус 5 август зимни нишасти матбуотии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Дар нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Комиссия таҳияи Феҳрист ва мониторинги маҷаллаҳои (нашрияҳои) илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар онҳо натиҷаҳои асосии таҳқиқоти диссертатсионӣ аз рӯйи самти омода кардани докторони фалсафа (PhD) — доктор аз рӯйи ихтисос, номзадҳои илм ва докторҳои илм ба чоп расонида мешаванд.

«Аз ибтидои фаъолият то давраи ҳисоботӣ ба Комиссия барои шомил намудан ба Феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 59 дархост ворид гардида, 49-тои он тасдиқ, 9 дархости дигар рад ва 1 дархости дигар мавриди омӯзиш қарор дорад»,-иттилоъ дода шуд дар нишаст.

Масъулин иброз доштанд, ки бо мақсади санҷиши мутобиқати маҷаллаҳои илмӣ ба талаботи Қоидаҳои таҳияи Феҳристи маҷаллаҳои (нашрияҳои) илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Раёсати Комиссия аз 27 апрели соли 2017, №1/2) ба таври мунтазам аз ҷониби шуъбаҳои аттестатсионӣ дар якҷоягӣ бо шуъбаҳои экспертӣ мониторинги муҳтавои маҷаллаҳои илмӣ гузаронида мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE