Дар Вашингтон машварати мудирони Хазинаи Байналмилалии Асъор аз давлатҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ доир гардид

Дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи Байналмилалии Асъор /ХБА/ ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Вашингтон раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар машварати мудирони Хазинаи Байналмилалии Асъор аз давлатҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд, хабар доданд аз Бонки миллии Тоҷикистон.

Дар раванди ҳамоиш ба мудирони Хазинаи Байналмилалии Асъор аз давлатҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ шарҳи вазъи монетарии минтақа пешниҳод гардид.

Иштирокдорони машварат маблағгузории лоиҳаҳои мубориза бо тағйирёбии иқлим, омода намудани бахшҳои молиявӣ марбут ба ояндаи «сабз», стратегияҳои баланд бардоштани омодагӣ ва нақши мақомоти директивӣ дар коҳиш додани хатарҳои марбут ба иқлим дар бахшҳои молиявӣ ва рушди бозорҳои сармояи дохилиро муҳокима намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE