БОЗИҲОИ ТОБИСТОНАИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Мунира Абдусаломова бо Алтея Лорен рақобат мекунад

10 август, соати 12:00 варзишгардухтари тоҷик Мунира Абдусаломова дар вазни то +67 кг дар даври аввали Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 аз намуди таэквондо бо намояндаи Фаронса Алтея Лорен рақобат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Алтея Лорен дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио -2020 ба гирифтани медали биринҷӣ ноил шуда буд.

Ба Мунира Абдусаломова дар ин рақобати мушкил муваффақият таманно дорем.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE