Марҳилаи дуюми омӯзишҳо барои омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе оғоз гардид

7-уми августи соли 2024 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи таълимии №53 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе марҳилаи дуюми омӯзишҳо барои омӯзгорони шаҳри Душанбе аз рӯйи барномаи Барномаи байналмилалӣ оид ба арзёбии таҳсили хонандагон PISA оғоз гардид. Дар ин бора аз Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф хабар доданд.

Дар кушодашавии омӯзиш намояндагони Донишкада, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Маркази маҳорати педагогии Ҷумҳурии Қазоқистон, Лоиҳаи “Кӯмаки техникӣ ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Омӯзиш бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби тренерони Маркази маҳорати педагогии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф муштаракан баргузор мегардад. Марҳилаи якуми омӯзишҳо 5 – уми августи соли 2024 бомуваффақият ба анҷом расида буд.

Омӯзишҳо дар 15 гурӯҳ баргузор мегарданд, ки аз ин 10 гурӯҳ (омӯзгорони равияҳои табиӣ ва гуманитарӣ) дар муассисаи таълимии √53 ва 5 гурӯҳ (омӯзгорони фанни математика) дар базаи Донишкада гузаронида мешавад. Омӯзишҳо дар се марҳила мегузаранд, ки дар маҷмуъ 1206 нафар дар он фарогирифта мешаванд.

RS: раванди машғулиятҳо, ва истифодаи усулҳои фаъоли таълим дар саҳифаи мазкур инъикос мегардад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE