Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар Форуми дуюми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок менамояд

Имрӯз ҳайати парлумонии мамлакат таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода барои иштирок дар кори Форуми дуюми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ ба шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон хабар доданд, форум дар мавзуи «Нақши парлумон ва мақомоти намояндагии ҳокимияти Осиёи Марказӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа» баргузор мешавад.

Дар доираи форум ҳайати парлумонии Тоҷикистон бо Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Узбекистон ва Осорхонаи марказии шаҳри Тошканд шинос гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE