Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор аз рӯйи лавҳаи рамзии Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ парда бардоштанд
11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Сангвор бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомониро мавриди истифода қарор доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нишони арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар пояи Нишони давлатӣ гулчанбар гузоштанд.
Нишони давлатӣ дар маркази ноҳия дар муддати қариб як сол бо санъати баланди меъморӣ ва истифодаи сангҳои ороишӣ бунёд шуда, баландии пояи он 25 метрро ташкил медиҳад.
Лозим ба таъкид аст, ки Нишони давлатӣ дар ин гӯшаи дурдасти кишвар низ бо мақсади ҳифз ва арҷ гузоштан ба муқаддасоту асолати миллӣ бунёд шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин мавзеъ аз рӯи муҷассамаи бунёдгузори давлати бузурги Сомониён — Шоҳ Исмоили Сомонӣ парда бардоштанд.
Муҷассама аз ҷониби ҳайкалтарош Алиҷон Бобошарифов бо санъати баланд сохта шудааст.
Баландии муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Сангвор 5,3 метр буда, дар умум бо таҳкурсӣ ба 9 метр мерасад.
Дар ду паҳлӯи муҷассама тандиси ду шер ҳамчун рамзи ҷасорату тавонмандии миллати тоҷик гузошта шудааст.
Масоҳати умумии гулгашти Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ 47 садяк заминро дар бар гирифта, корҳои сохтмонӣ аз тарафи бинокорони Ташкилоти ҷамъиятии “Офиятбахш”, бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.
Бунёди фаввора, насби нишастгоҳҳо ва масоҳати 2 ҳазор метри мураббаъ сабзкоришуда, аз ҷумлаи корҳои дигари ободонӣ дар ин мавзеъ мебошад.
Бо бунёди иншооти мазкур барои сокинону меҳмонони ноҳияи Сангвор боз як мавзеи хуби истироҳату фароғат муҳайё гардид.
Минбаъд сокинони сарфарозу заҳматпешаи Сангвор чун дигар гӯшаҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фазои сулҳу суботи сартосарӣ, бо шукргузорӣ аз пойдории ваҳдати миллӣ чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, ҷашнҳои миллию давлатӣ ва оммавиро дар ин майдон таҷлил мекунанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи иншооти мазкур ба масъулон ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ дар дигар иншооти ҷашнӣ ва бо ин роҳ фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари кору зиндагӣ ба аҳолӣ ва саҳм гузоштан дар рушди бахшу соҳаҳои иқтисоди миллӣ дастуру маслиҳатҳо доданд.