Дар Душанбе Фестивали «Саводнокии молиявӣ» баргузор гардид

Бо мақсади ба аҳолӣ расонидани хизмати молиявӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии истифодабарандагони хизматрасонии бонкӣ дар шаҳри Душанбе Фестивали «Саводнокии молиявӣ» баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад.

Фестивали «Саводнокии молиявӣ» бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар он кормандони ташкилоти қарзии молиявӣ ва суғуртавии мамлакат иштирок намуданд.

Дар фестивал намоишгоҳи маҳсулоти бонкӣ баргузор гардида, дар он масъулини бонк ба мизоҷон оид ба хизматрасонии бонкӣ, алалхусус маҳсулоти қарзӣ, намуди пасандозҳо, кортҳои пардохтӣ, «Интернет-банкинг», пардохти мувофиқи хизматрасониҳо тавассути барномаи мобилии «Амонат-мобайл» маълумот доданд.

Дар доираи Фестивали «Саводнокии молиявӣ» кормандони «Амонатбонк» барои меҳмонону иштирокдорон бозии ҷолиби зеҳнӣ гузаронида, ғолибон соҳиби туҳфаҳо шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE