Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Гана баргузор гардиданд

17 октябр дар Душанбе даври нахустини машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Гана дар сатҳи муовинони вазир баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар машваратҳо масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои тақвияти ҳамкорӣ байни ду мамлакат дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сайёҳӣ, башардӯстона, илму маориф, фарҳанг, таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқӣ, ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

Дар анҷом «Ёддошти тафоҳум оид ба машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Гана» ба имзо расид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE