Дастовардҳои 31-соли Истиқлол
Инак аз он рӯзи таърихиву тақдирсоз 31-сол пур мешавад. 31-соле, ки барои миллати тоҷик ва мардуми шарифи Тоҷикистон сарнавиштсозу ҳалкунанда буд. Ба қавле дар марҳалаи нави давлатсозӣ сокинони шарафманди кишвар пешорӯи имтиҳони хеле муҳиму ҳассос қарор доштанд. Дар ин даврони таърихи халқи тамаддунофари тоҷик бо боварии бузург ба фардои дурахшони Ватан ба пеш қадамҳои устувор гузошт. Ҳеҷ қуввае натавонист ин иродаи барҷастаи фарзона-фарзандони миллати тоҷикро бишканад. Ҳарчанд дар ибтидои солҳои Истиқлолияти давлатӣ вазъи номусоиди сиёсӣ Тоҷикистонро фаро гирифта буд, аммо бо қувваи бузурги ворисони арзандаи ин миллати куҳанбунёд дар як муддати кутоҳи таърихӣ бартараф карда шуданд. Ба сари қудрат омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари давлат пеш аз ҳама кишвари моро аз хатари парокандагӣ наҷот бахшид. Сокинони парешони мамлакатро ба ҳам оварданд. Яъне Истиқлол барои халқи азият кашидаи тоҷик аввалтар аз ҳама нишонаи иттиҳоду дӯстӣ ва эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқу озодиҳои инсон гардид.
Маҳз пойдории сулҳу вахдат ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ буд, ки Тоҷикистон аз ҳар лиҳоз пешрафт. Муҳим аз ҳама ҳамчун кишвари демокративу ҳуқуқбунёд дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ эътироф гардид. Ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои пешрафт ва тадбиқи тамоми соҳаҳои хочагии халқ мусоидат намуд. Пешвои миллат ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо худ ба ҳар минтақаи кишвар сафар намуда бо вазъи зисту зиндагонии мардум аз наздик ошно мешуданд. Барои барқарор намудани оқибатҳои нобасомониҳо аз ҷониби Роҳбарияти олии кишвар барномаву қарорҳои махсус қабул ва тадбиқ карда шуданд. Шояд 31-сол дар назди таърих хело фурсати кутоҳ бошад, аммо барои Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳар рӯзу ҳар соаташ тақдирсозу ҳалкунанда буд. Инкишофи соҳаи мактабу маориф, таҳавулот дар соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, иқтисод, иҷтимоиёт ва варзиш танҳо ба забон овардан осон асту халос паси ҳар як соҳа чӣ қадар мушкилиҳо вуҷуд дорад. Сулҳу ваҳдат ва якмаромии халқ буд, ки Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Истиқлол барои миллати тоҷик бузургтарин мактаби таҷрибаи давлатсозӣ буда, халқи сарбаланди тоҷик номаи тақдирашро бо дастони худаш бинавишт ва ба сӯи пур аз печу тоби сохтану бунёдкардан танҳо қадамҳои устувор гузошт. Бояд гуфт, ки соҳиби давлати соҳибистиқлол шудан як тарафи масъала аст, аммо онро ҳифзу нигоҳ доштан ва давлатро пешбурдан тамоман масъалаи дигар аст. Чунин ҷасорату нерӯи пурқудрати сиёсӣ танҳо дар вуҷуди шахсияти ватандӯст Роҳбари муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷӯш мезад. Имрӯз ин ҳама комёбиҳо натиҷаи сиёсати дурбинонаи фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Маҳз ташаббусҳои созанда ва меҳнати шабонарӯзии сокинони кишвар буд, ки Тоҷикистон сахттарин имтиҳонҳои таърихро пушти сар намояд. Чаҳор ҳадафи стратегие, ки Ҳукумати мамлакат дар назди худ гузошт онҳо марҳала ба марҳала тадбиқ гардида истодаанд. Хусусан дар тадбиқи раҳои ёфтан аз бунбасти комуникатсионӣ ва расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ Тоҷикистон ба бисёр дастовардҳо ноил гардид. Нақбҳои зиёди роҳу нақлиётӣ байни Душанбе ва вилояти Суғд, Душанбе вилояти Хатлон ва вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Нақби Истиқлол, ки масири Пойтахт ва Хуҷандро бо ҳам мепайвандад аз шумори чунин дастовардҳост, ки рафту омади мардумро чандин маротиба осон гардонид. Сохтмончиёни ватанӣ дили кӯҳҳои бузурги кишварро пора карда роҳ бунёд намуданд, ки таърих назирашро надидааст.
Барои расидан ба истиқлолияти комили энегетикӣ Ҳукумати Тоҷикистон тамоми имкониятҳояшро истифода бурд. Танҳо дар вилояти Суғд ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо барқи доимӣ нерӯгоҳҳои хурди барқистеҳсолкунӣ сохта шуданд, ки имрӯз тамоми муассисаву корхонаҳо ва аҳолӣ бо барқи доимӣ таъмин мебошад. Сохтмони нерӯгоҳи обии барқи Роғун аз нодиртарин иншоотест, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бунёдаш ҷараён дорад. Ин иншооти бузурги аср бо истеҳсоли барқ шӯҳрати созандагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ паҳн намуд. Дар ин набардгоҳи тавлиди нур ҳазорҳо нафар ворисони арзандаи ин миллат заҳмат мекашанд.
Ҳамин аст Истиқлолият, ки дар партаваш орзуву ормонҳои халқ нуҳуфта аст. Истиқлолияти миллӣ ҳамеша ҳимоягари манфиатҳои давлат ва халқ аст. Ин неъмати арзишманди сиёсӣ барои тоҷикон беҳтарин рамзи соҳибватаниву давлатсозӣ гардидааст.
Дӯст доштани Ватан дар расидан ба қадри Истиқлолу озодӣ ва тамоми неъматҳои давлатдорӣ зоҳир мегардад. Барои он ки хонаи мо обод бошад пеш аз ҳама дар ободии ватани азизи хеш саҳмгузор бошем.
Умед Холов
Садои Душанбе