Нахустин маротиба имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии саёҳат, тиҷорат ва фарҳанг дар Амрико муаррифӣ гардид
Бори нахуст дар Намоишгоҳи байналмилалии саёҳат, тиҷорат ва фарҳанг, ки дар шаҳраки Форт Лодердейли шаҳри Маямии иёлати Флоридаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид, ҳайати Тоҷикистон имконоти сайёҳии мамлакатро муаррифӣ намуд. Дар ин хусус дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ин намоишгоҳи сатҳи баланд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагон ва ширкатҳои маъруфи сайёҳии мамлакат иштирок намуданд.
Ҳайати Тоҷикистон дар ин ҷо иқтидори сайёҳии мамлакатро тариқи рӯнамо, видеороликҳо ва дигар маводи иттилотӣ ба дӯстдорони сайру саёҳат муаррифӣ намуданд.
Тибқи маълумот, дар намоишгоҳи имсола зиёда аз 2000 намоянда аз 70 кишвари ҷаҳон хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳиро муаррифӣ доранд. Ин намоишгоҳ барои субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳии ватанӣ, пеш аз ҳама, платформаи шоиста ва фазои муносиб барои фурӯши маҳсулоташон буда, барои муаррифии хизматрасониҳо, бастаҳои сайёҳӣ ва хатсайрҳои ҷадид ва дастёбӣ ба бозори ҷаҳонгардони қитъаи Амрикои Шимолӣ, Амрикои Ҷанубӣ, кишварҳои ҳавзаи Қариб ва ҷаҳон фурсати мувофиқ фароҳам меорад.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 9 моҳи соли 2024 ба Тоҷикистон беш аз 1 миллиону 223,2 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ омадаанд. Аз ин шумора 941,3 ҳазор нафар тибқи талаботи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамчун сайёҳ ворид гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 17,3 фоиз зиёд аст. Дар ин давра шумораи шарвандони хориҷӣ аз давлатҳои хориҷии дур 104,7 ҳазор нафар буда, 89,1 ҳазор нафари онҳо сайёҳ будаанд. Аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ин давра 9,2 ҳазор нафар, аз Британияи Кабир 2,2 ҳазор, аз Австралия 1,9 ҳазор ва аз Канада 1,8 ҳазор нафар ба Тоҷикистон омадаанд.
Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз аз 127 давлати ҷаҳон сайёҳон ворид шудаанд. Иштирок ва муаррифии захираҳои сайёҳии Тоҷикистон дар чунин ҳамоишҳои бузурги ҷаҳонӣ имконият медиҳад, ки байни ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда, ҷалби сайёҳони хориҷӣ вусъат ёбад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2007 Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ шуда, бо ин ба ҳамгироии соҳаи сайёҳии мамлакат дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ заминаи воқеӣ фароҳам оварда шуд. Ҳамасола намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон захираҳои бойи табиӣ ва таърихию фарҳангии мамлакатро дар ин майдони бонуфузи байналмилалӣ тарғибу ташвиқ менамоянд. Имрӯзҳо таваҷҷуҳи воситаҳои ахбори оммаи кишварҳои хориҷӣ низ ба захираҳои сайёҳии Тоҷикистон зиёд гардида, дар шабакаҳои иттилоотии байналмилалӣ ба таври васеъ инъикос меёбанд.
Дар Тоҷикистон зиёда аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангии сабтшуда ва ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшавандаи табиат мавҷуд мебошанд. Кумитаи рушди сайёҳӣ дар доираи салоҳият тибқи ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо созмонҳои байналмилалӣ дар самти мутобиқ гардонидани маҳсулоти сайёҳии мамлакат ба стандартҳои байналмилалӣ ҳамкориро боз ҳам бештар менамояд.
Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии саёҳат, тиҷорат ва лаззат дар маркази шаҳраки Броварди шаҳри Маями 3 рӯз давом мекунад.
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии саёҳат, тиҷорат ва лаззат ба васеъ шудани ҷуғрофияи кишварҳои ташрифотӣ ба Тоҷикистон ва афзоиши шумораи гардишгарон аз қитъаи Амрикои Шимолӣ, Амрикои Ҷанубӣ, кишварҳои ҳавзаи Кариб барои боздид аз Тоҷикистон мусоидат менамояд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон