Дар Душанбе даври ноҳиявии озмуни шаҳрии «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем!» ҷамъбаст гардид

Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими қадрдонии ғолибони даври ноҳиявии озмуни шаҳрии «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем!» баргузор гардид. Дар ин хусус дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе хабар доданд.

Озмун бо мақсади азхудкунии дониш, маҳорат ва масъулият оид ба огоҳӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, баланд бардоштани савияи дониш ва фарҳанги ҳуқуқии наврасон баргузор гардид.

Яке аз роҳҳои пешгирии амалҳои коррупсионӣ- ин ташаккули шуури зиддикоррупсионӣ ва фарҳанги зиддикоррупсионӣ аз зинаи таҳсили томактабӣ ва миёнаи умумӣ мебошад. Дар ҷараёни он насли наврас, падару модарони онҳо ва аҳли маориф оид ба коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби муосир маълумоти муайян пайдо намуда, аз роҳҳои пешгирии паҳншавии он бархурдор мегарданд.

Озмуни шаҳрии «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем!» 15 октябр оғоз гардида, даври ниҳоии он 15 ноябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад.

АКС: Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE