Душанбе: Даври ноҳиявии озмуни «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ҷараён дорад
Дар Душанбе даври ноҳиявии озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ҷараён дорад. Озмуни мазкур тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» соли 2022 миёни хонандагони синфҳои 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт баргузор карда мешавад.
Тибқи Низомномаи озмун иштирокчиёни он аз фанҳои математика, физика корҳои хаттӣ ва аз фанҳои химия, биология, география ва технологияи иттилоотӣ супоришҳои тестӣ супорида, корҳои мустақилонаи тадқиқотӣ ва ихтирооти худро дар назди аъзои ҳакамон муаррифӣ менамоянд.
Ба зикри Асомуддин Бобозода, озмун бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо ва дар ин замина мусоидат намудан дар касбинтихобкунии наврасон аз рӯйи ихтисос ва касбҳои ба фанҳои мазкур алоқаманд баргузор мегардад.
«Озмун аз се давр иборат буда, аз моҳи январ то моҳи апрел ба таври зайл гузаронида мешавад: даври якум – моҳҳои январ — феврал дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ; даври дуюм – моҳи март дар сатҳи ноҳияҳо бо иштироки ғолибони даври якум; даври ниҳоии он ҳафтаи якуми моҳи апрел бо иштироки ғолибони даври дуюм. Маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун дар Рӯзи пойтахт сурат мегирад», — иброз дошт Асомиддин Бобозода.
Ба иттилои сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, озмун аз рӯйи номинаҳои зерин гузаронида мешавад: Барномасозӣ, Меъморӣ, Моделсозӣ, Радиоэлектроника, Робототехника, Сайёҳӣ, Кишваршиносӣ ва Табиатшиносӣ.
Тазаккур дода шуд, ки дар ҳар давр вобаста ба ҳар номина то 3 ғолиб (ҷои якум – 1 нафар, ҷойи дуюм – 1 нафар, ҷойи сеюм – 1 нафар) муайян карда мешаванд. Ба ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври шаҳрии озмун аз рӯйи ҳар як номина дар алоҳидагӣ, ҷоиза, диплом ва мукофотпулӣ дода мешавад.
Ба зикри мавсуф, омӯзгорони ғолибони озмунҳо дар сурати мавҷуд будани шартнома миёни роҳбари муассисаи таълимӣ дар бораи омода намудани довталаб мукофотпулӣ мегиранд. Инчунин волидайни ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун бо Ифтихорномаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳавасманд карда мешаванд.