Машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин
30-31 октябри соли 2024 дар ш. Пекин бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ ва ёвари вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Бин машваратҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ ду кишвар баргузор гардиданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар рафти чорабинӣ вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангию гуманитарӣ, инчунин масъалаҳои ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ (СММ, СҲШ, МҲТБО) мавриди баррасии муфассал қарор дода шуд.
Роҳбарони ҳайатҳо роҷеъ ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмиллалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуда, рафти иҷрои тавофуқоти феълиро, ки дар сатҳи олӣ ҳосил шудаанд, матраҳ намуданд.