Афғонистон: сардори идораи полис кушта шуд
Сардори идораи полиси вулусволии Ғуриёни вилояти Ҳирот дар як ҳамлаи ногаҳонии «Толибон» – и мусаллаҳ (мамнуъ дар Тоҷикистон) кушта шуд, иттилоъ медиҳад шабакаи хабарии Афғонистон – «Ariana News».
Волии вилояти Ҳирот Сайид Воҳид Қатолӣ мегӯяд, ки ин ҳодиса рӯзи 4 феврали соли ҷорӣ рух дод. Фарҳод Ходимӣ, вулусволи ноҳияи Ғуриён ва Нуруллоҳ Назарӣ, сардори идораи полиси ин вулусволӣ дар масири роҳи Ғуриён — Зиндаҷон мавриди ҳамлаи ногаҳонии «Толибон» қарор гирифтанд.
Дар ин ҳодиса ҷаноби Назарӣ кушта ва се тан аз муҳофизонаш захмӣ шуданд. «Толибон» дар робита ба ин ҳодиса ҳанӯз изҳори назар накардаанд.