Дар ҳамоиши идона бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 20 000 иштирок намуд
15 ноябри соли 2024 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» бо иштироки беш аз 20 000 нафар сокинони касбу кори гуногун ҳамоиши идона баргузор гардид.
Дар ҳузури иштирокдорони ҳамоиши бузург Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода суханронӣ карда, Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли сокинони сарбаланди вилояти Суғд табрик намуд.
Қайд карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлоли Тоҷикистон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо мавқеи устувор ва матонати беназир, посдории таърих ва тамаддун, фарҳанги куҳанбунёди давлату миллатамон, на танҳо халқи тоҷикро ба оромию осоиштагӣ расониданд, балки дар ваҳдату суботи тамоми минтақа саҳми бузург ва беназир гузоштанд.
Мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони вилояти Суғд аз он ифтихор доранд, ки дар саргаҳи ташаккули муваффақонаи давлатдории навинамон маҳз шахсият ва талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба шарофати иродаи ҷиддӣ ва мавқеъгирии устуворонаашон дар кишвар сулҳу ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, пешравию шукуфоӣ барқарор ва ягонагии Тоҷикистони соҳибистиқлол таъмин карда шуд.
Хеле рамзист, ки таҷлили ин санаи фархунда бо оғози баргузории Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон мувофиқ омадааст. Зеро ин Иҷлосияи таърихӣ Сарвари кишвари азизамонро ба арсаи сиёсат овард, ки минбаъд сулҳу субот ва ваҳдати миллиро барои мардуми кишвар ҳадя намуданд, Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшида, дар муддати кӯтоҳи таърихӣ онро ба кишвари пешрафтаву ободу озод табдил доданд.
Баргузории Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои халқи шарифи кишвар рўйдоди таърихӣ ва тақдирсоз ба ҳисоб меравад, барои ҷаҳони мутамаддин намунаи барҷастаи ватандориву хештаншиносӣ маҳсуб мегардад. Зеро хизматҳои Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи хомўш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба сулҳу субот, оромӣ ва ваҳдату ягонагии давлати Тоҷикистон хеле бузург мебошад.
Тазаккур дода шуд, ки дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияте ҳастанд, ки ҷони худро сипар намуда, талош намуданд, то ки давлату миллатро аз вартаи нестӣ, ҳалокат, нобудӣ бираҳонанд ва дар ташкили давлати миллии тоҷикон асос гузоранд. Дар ин замина, маҳз ба шарофати заковату хирад ва ҷоннисориҳои беназири Пешвои муаззами миллат ягонагии давлат ва халқ таъмин карда шуд.
Аз ин лиҳоз, хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раҳбар ва илҳомбахши зафару комёбиҳо дар таърихи навини халқи тоҷик, дар ташаккул ва таҳаввули давлатдории миллӣ ва бақои имрӯзу фардои Тоҷикистон, дар эҳё намудани арзишҳои волои фарҳанги ниёгон ва барои дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани миллати тоҷик дар саҳифаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд гардид.
Мардуми Тоҷикистон дар симои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кафили устувори сулҳу субот ва сарвари ҳақиқии худро шинохта, дар роҳи рушду такомул ба сӯйи ояндаи дурахшон дилпурона қадам мегузоранд.
Дар охир таъкид гардид, ки ҳар яки моро зарур аст, ки дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт карда, бо дарки аҳаммияти истиқлолу озодӣ ба масъалаи баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳии аҳли ҷомеа, ватандўсту ватанпарвар тарбият ёфтани насли ҷавони ояндасоз таваҷҷуҳ намуда, баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии Ватани маҳбубамон ва ба кишвари пешрафтаи ҷаҳон табдил додани он ҷидду ҷаҳд намоем. Ҳамчун фарзандони содиқи Ватан сарҷамъона Тоҷикистони соҳибистиқлолро боз ҳам ободу пешрафта гардонем ва барои тақвият ёфтани нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ талош намоем.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд