Дар Душанбе олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҷамъбаст шуд
12 ноябр дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе ба ғолибони даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ аз фанҳои таълимии физика, химия, биология, математика ва технологияи иттилоотӣ ҷоиза супорида шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, даври якуми олимпиада аз 1 то 15 октябр дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки беш аз 2000 донишҷӯ баргузор шуда, ба даври ниҳоӣ 355 нафар роҳ ёфт.
Дар даври ниҳоӣ, ки 11 ноябр баргузор шуд, аз 355 нафар иштирокчӣ беҳтаринҳо сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3 гардиданд. Ба ғолибон Ҷом, Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд.
Ҳамзамон онҳое, ки холи нисбатан баландтар доштанд, бо «Ифтихорнома»-и Кумитаи тадорукот сарфароз дониста шуданд.
Аз рӯи натиҷагирии шумораи бештари ҷоизадорон дастаи олимпии Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон сазовори ҷойи якум, Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойи дуюм ва Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар ғолиби ҷойи сеюм эълон шуданд. Ҳамзамон роҳбарони якчанд муассиса барои саҳм гузоштан дар ташкил ва баргузории олимпиада бо Сипосномаи Кумита қадрдонӣ шуданд.
Бояд гуфт, ки олимпиада ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шудани солҳои 2020-2040 ва дарёфти «Ҷоми Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида шуд. Мақсади он рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеаи ихтироъкорию навоварӣ, ҳамгироии илм бо истеҳсолот ва ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ мебошад.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон