Дар ноҳияи Шоҳмансур беш аз 14 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ гардидааст
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар 11 моҳи соли равон беш аз 14 682 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ гардидааст. Дар ин хусус дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд.
Дар ҳудуди ноҳия 1023 гектар заминҳои кишоварзӣ мавриди истифода қарор доранд. Аз ин 494 гектар хоҷагиҳои деҳқонӣ, 512 гектар заминҳои наздиҳавлигӣ ва 17 гектар хоҷагиҳои ёрирасон (президентӣ) ба шумор мераванд.
Аз ҷумла, дар заминҳои наздиҳавлигии ноҳия зироати сабзавотӣ кишт карда мешавад. Ҳар хоҷагӣ ҳосили фаровон ба даст оварда, як қисми онро барои захираи озуқа мегузорад. Қисми дигарро ба бозорҳои пойтахт бароварда, бо нархҳои дастрас пешниҳоди сокинон мегардонанд.
Ҳамчунин дар 15 нуқтаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Рӯдакӣ ва Душанбе-Ваҳдат аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия маҳсулоти ҳамарӯза ҷамъоваришуда ва аз ҷиҳати экологӣ тару тоза бо нархҳои дастрас пешкаши шаҳрвандон мегардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур