Баргузории Форуми иқтисоди дар мавзӯи “Рушди сабз дар минтақаи СПЕКА”
Имрӯз дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми иқтисоди дар мавзӯи ” Рушди сабз дар минтақаи СПЕКА” ва сесияҳои пленарии гурӯҳҳои корӣ ба кори худ оғоз намуд. Дар кори Форум намояндагони беш 100 сохторҳои дохилу хориҷи кишвар ширкат доранд. Зимни ифтиҳои Форуми мазкур таъкид рафт, ки Форум дар асоси ризоияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои милат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, дар ин раванд Тоҷикистон ба тақвияти ҳамкориҳо дар самти рақамикунонии соҳаҳо дар доираи барномаи СПЕКА аҳамияти махсус зоҳир намуда, дар давраи раёсати худ ” Рушди сабз” – ро ҳамчун масъалаи муҳими баррасишаванда пешниҳод намудааст. Ҳамзамон гуфта гуфта шуд, ки СПЕКА соли 1998 бо ташаббуси СММ таъсис дода шуда, ҳадафи асосии он мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ мебошад. Дар тулли солҳои фаъолият СПЕКА ба масъалаҳои муҳим, ба мисли савдои устувор, рақамикунонӣ, обу энергетика ва нақлиёт диққати махсус додаст. Дар доираи Форум баргузории 6 ҷаласаи гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои тағиёрбии иқлим ва амнияти энергетикию обӣ, нақлиёти тоза барои рушди устувор ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа ба нақша гирифта шудааст.
Неъмат Давлатов
Садои Душанбе