«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Таҳти ин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад

 Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин кумита хабар доданд.

Озмун дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028» гузаронида мешавад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» тадбири муҳим буда, аҳли ҷомеаро ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, касбу ҳунаромӯзӣ ва тарбияи дурусти фарзанд ҳидоят менамояд.

Ҳадаф аз баргузор намудани озмун ҷалби ҷомеа, хусусан ҷавонону наврасон ба ҳунармандию касбомӯзӣ, машғул шудан ба истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ, зебоипарастиву меҳнатдӯстӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Дар озмун оилаҳои ҳунарманд аз рўйи намудҳои тасдиқшудаи феҳристи ҳунарҳои бадеии халқӣ иштирок карда метавонанд.

Даври аввали озмун аз 25 ноябр то 5 декабри соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳо доир гардида,  ҷамъбаст ва маросими мукофотсупорӣ нимаи дуюми моҳи декабр баргузор мегардад.

Ғолибон ва иштирокчиён аз ҷониби кумитаи тадорукот бо Диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE